Ссылки доступа

Киев ва ҷудоихоҳон ҳамдигарро ба шикасти оташбас айбдор карданд


Дар Донбасс дар рӯзҳои гузашта як низомии украинӣ кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст. Дар ин бора Александр Мотузяк, намояндаи дастгоҳи президенти Украина дар умури амалиёти ҷангӣ дар шарқи ин кишвар хабар медиҳад.

Киев мегӯяд, ҷудоихоҳон бо истифода аз силоҳи артилерии қутрашон калон дар минтақаи Авдеевкаи вилояти Донетск "ду ҳамлаи пуриқтидор анҷом додааст". Дар натиҷа як сокини маҳаллӣ маҷруҳ гардидааст.

"Ҷумҳурии халқии Донетск"-и худхонда дар посух ба изҳороти Киев мегӯяд, низомиёни украинӣ тақрибан 200 маротиба тир кушодаанд. Ҷудоихоҳон меафзоянд, деҳаҳои Александровка, Трудовский, Спартак, Саханка, Коминтерново ва Жабичево зери тирборони миномет мондаанд.

Бино бар иттилои вазорати мудофиаи Украина, аз баҳори соли 2014 ба ин сӯ 2600 низомии украинӣ қурбони низоъи Донбасс шудааст. Ҳамчунин дар ин низоъ бештар аз 9 ҳазор низомӣ маҷруҳ гардидааст.

Киев ва кишварҳои Ғарб Русияро бо он айбдор мекунанд, ки ҷудоихоҳони шарқи Украинаро пуштибонӣ карда, барояшон нерӯ ва аслиҳа мефиристад. Кремл дар навбати худ ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG