Ссылки доступа

Киштии 600$-миллионии миллиардери ӯзбектабор Алишер Усмонов


Алишер Усмонов, миллиардери ӯзбектабори Русия соҳиби киштие шуд, ки 156 метр дарозӣ дошта, ҳамзамон то 120 меҳмонро меғунҷонад. Ин тоҷир ҳамроҳ бо наздиконаш дар ҷашнвораи филми Канн киштиашро муаррифӣ кард.

Хабар дода мешавад, ки киштӣ ҳавз, майдони нишасти чархбол, толорҳои варзишу ғизохӯрӣ, қаиқҳои люкс ва таҷҳизоти дигари замонавӣ дорад. Дар ин киштӣ мумкин аст 40 пешхизмат, 80 ходим ва ҳамчунин 120 меҳмонро ҷой кард. Ходимон 24 соати шабонарӯз дар киштӣ хизмат мерасонанд.

Киштӣ, ки аз рӯи дараҷабандии ҷаҳонии дарозтарин ва гаронтарин киштиҳо ҷойи 4-умро касб мекунад, бо номи "Omar" ба об шино кард, вале баъдтар Алишер Усмонов онро "Dilbar" номид. Киштиро, ки барои мулоқотҳои корӣ ва истироҳати хонаводагӣ сохта шудааст, Усмонов ба ифтихори модараш ном ниҳодааст. Ин тоҷири ӯзбектабор, ки сармояашро аз ҳисоби тиҷорати нафту газ ва металлургия гирд овардааст, пештар як киштии 110-метрӣ дошт ва онро низ "Dilbar" номида буд. Сомонаи Fleetmon менависад, акнун киштии 110-метрӣ дар Монте-Карло қарор дорад ва ба "ONA" табдили ном кардааст.

Дар соли 2013 Алишер Усмонов саҳмияҳои ширкати Apple-ро бо қимати тақрибан 100 миллион доллар харидорӣ карда буд. Усмонов ҳамчунин ҳаммуассиси тарҳҳои Mail.ru, Odnoklassniki.ru, Vkontakte.ru аст. Ширкати Усмонов ҳаммуассиси Digital Sky Technologies аст, ки ин ширкат дар навбати худ садҳо сомона ва порталҳои маъруф, аз ҷумла саҳмияҳои "Мегафон"-ро дар ихтиёр дорад. Усмонов инчунин яке аз муассисони гуруҳи расонаҳоест, ки ба ҳайати ин расонаҳо шабакаҳои федеролии 7ТВ ва Муз-ТВ, ҳамчунин 33 шабакаи минтақавӣ шомил ҳастанд. Ба ҷуз инҳо, нашрияи "Коммерсантъ" низ ҷузъи моликияти Усмонов ба ҳисоб меравад.

Дороии Усмонов дар ҳаҷми 13,4 миллиард доллар баҳо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG