Ссылки доступа

КМИРТ: "94% ба тарафдорӣ аз тағйиру иловаҳо раъй доданд"


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) натиҷаҳои пешакии раъйпурсии 22 майро эълон кардааст, ки бар асоси он 94,5 дарсади иштироккунандагон ба тарафдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар раъй додаанд.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИРТ рӯзи 23 май тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон кард, ки дар раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ 4 миллиону 38 ҳазор шаҳрванди кишвар, ки ҳаққи додани раъйро доранд, иштирок намудаанд.

Багуфтаи ӯ, аз ин теъдод 3 миллиону 814 ҳазор шаҳрванд ба ҷонибдорӣ ва танҳо 134, 121 одам ё худ 3,3%-и иштирокдорон зидди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба конститутсияи кишвар раъй додаанд.

Бар асоси Қонуни нави асосии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи пешбарии номзадӣ ба мақоми президентӣ бе маҳдудият ва писари бузургаш Рустами Эмомалӣ иштироки озод дар интихоботи президентии соли 2020-и кишварро дарёфт намуд.

Инчунин акнун бар асоси конститутсияи Тоҷикистон таъсиси ҳизб ва иттиҳодияҳои дорои хусусияти динӣ ва милатгароӣ манъ аст.

XS
SM
MD
LG