Ссылки доступа

КДАМ: Дар Қирғизистон хатари амалҳои террористӣ меафзояд


Бо назардошти ширкати Русия дар ҷангҳои зидди гуруҳҳои террористӣ дар ҳудуди Сурияву Ироқ, хатари амалҳои террористӣ дар Қирғизистон дар сатҳи боло аст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Тибқи ин хабар, хатар ба ҷойгиршавии пойгоҳи низомии Русия дар вилояти Чуй рабт дорад.

КДАМ-и Қирғизистон аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кардааст, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд ва ҳангоми пайдо шудани одамоне, ки дар деҳаҳо ба амалиёти зидди Русия ва дигар кишварҳо даъват мекунанд, фавран ба мақомоти қудратӣ хабар расонанд.

Бино бар иттилои расмӣ, наздики 500 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла 122 зан дар Ироқу Сурия дар сафҳои террористон меҷанганд. Наздики 40 тани онҳо дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG