Ссылки доступа

Мактаббачаи ӯзбек ба мӯйҳои сафеди Каримов "ҳасад" мебарад


Дар шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистон навори видеоие чарх мезанад, ки дар он хонандаи синфи 4-уми мактаби 64-и ноҳияи Кувини вилояти Фарғона шеъри дар ҳаққи Юртбошӣ (лақаби раисиҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов) навишташударо қироат мекунад.

Ҷашнвораи "Мо кӯдакони кишвари бузург" бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва варзиши Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо ҳаракати ҷавонони "Камолот", Маркази ҷавонони фарҳангу ҳунар ва Иттифоқи сарояндаҳои "Ӯзбекнаво"-и ин кишвар баргузор шудааст.

Ин хонанда дар аввали шеъраш аз Ислом Каримов даъват мекунад, ба деҳаи онҳо биёяд. Дар идома мегӯяд, ки ба мӯйҳои сафеди Ислом Каримов ҳасад мебарад ва омодааст, бар ивазаш тамоми мӯйҳои сари худро бидиҳад. Махсума дар шеъраш низ ваъда медиҳад, ки ҳар вақт бузург шуд, дар ҳаққи Каримов шеъре хоҳад навишт.

Дар Ӯзбекистон ҳангоми тамоми баромадҳои расмӣ аз Ислом Каримов ҳамчун "Президенти муҳтарами мо", "Юртбошии муҳтарами мо" ва "Меъмори истиқлоли мо" ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG