Ссылки доступа

ИМА ҳамлаҳои хунини Сурияро маҳкум мекунад


Ҳамлаҳои ба ин монанд бори аввал дар Тартус, дар наздикии иншооти низомии баҳрии Русия ва инчунин дар Ҷабл, наздикии пойгоҳи ҳавоии ин кишвар рух дода буд

ИМА "ҳамлаи ваҳшиёна"-и вилояти Латакиё ва шаҳри бандарии Тартуси Сурияро, ки масъулияти ин ҳамларо гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ба зима гирифт, ба шиддат маҳкум мекунад. Дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи автобусҳо ва беморхонаҳо бештар аз 100 кас кушта шуд.

"Мо инчунин ба қатъи ҳамлаҳои афзояндаи режими президенти Сурия Башор Асад дар Ҳалаб ва Дарӣ ва низ бардоштани монеаҳо дар роҳи расонидани кумакҳои башардӯстона даъват мекунем. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки Башор Асад ба оташбас, қатъномаи 2254 Шӯрои Амнияти СММ ва инчунин ба ҳалли сиёсии низоъи Сурия беэътино аст", - омадааст дар изҳороти муовини котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер.

XS
SM
MD
LG