Ссылки доступа

Иттилоъ дар бораи "педофилҳо"-и Қазоқистон ба Интернет роҳ ёфт


Дар Қазоқистон тамоми маълумоти ҷинояткороне, ки бо айби таҷовузи ноболиғон зиндонӣ шудаанд, дар интернет нашр гардидааст. Дар ин бора сомонаи кумитаи омори ҳуқуқӣ ва баҳисобгирии вижаи додситонии кулии Қазоқистон хабар медиҳад.

Моҳи гузашта дар Қазоқистон бо ҳадафи "огоҳ кардани одамон аз хушунати ҷинсӣ" дар бораи ахтаи кимиёвии педофилҳо қонун қабул гардид.

"Назорати ҷои истиқомати педофилҳое, ки аллакай дар қайди мақомоти қудратӣ ҳастанд, имкон медиҳад, то аз ҷиноятҳои нав пешгирӣ карда шавад. Барои ин аз ибтидои соли ҷорӣ бақайдгирии одамоне, ки бо айбҳои таҷовузи ҷинсӣ нисбати ноболиғон ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд, ба роҳ монда шуд", - омадааст дар сомонаи додситонии кулли Қазоқистон.

Тибқи иттилои кумита, "харита"-е, ки имкон медиҳад, то дар бораи "педофилҳо" маълумот пайдо кард, дар сомонаи infopublic.pravstat.kz дастрас аст.

XS
SM
MD
LG