Ссылки доступа

Пешниҳоди ҷазо барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо


Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 24 май дар шаҳри Душанбе зимни гузориши солонааш аз вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфтааст, "ҳаққи истифодабарандагони Интернет набояд ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикӣ поймол шавад".

Ба гуфтаи вай, дар давоми соли гузашта ҳолатҳои баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла news.tj, tojnews.org, ozodi.org, ozodagon.com, faraj.tj ва инчунин саҳифаи youtube.com ва шабакаҳои иҷтимоии Вконтакте, facebook.com ва Одноклассники сабт гардидааст.

"Барои нақз нашудани ҳаққи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот нисбат ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет, ки бе санади расмӣ сомонаҳоро мебанданд, чораҳои қонунӣ андешида шавад", - пешниҳод кардааст ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон то ҳол касе аз басташавии сомонаҳои интернетӣ ба додгоҳ шикоят накардааст. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ борҳо баста шудани сомонаҳо бо дархости ин ниҳодро тасдиқ намекунад ва ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳам ин мушкилро гоҳе фаннӣ ва гоҳе ба “дастури боло” рабт медиҳанд.

Дар ҳоли ҳозир бештари ширкатҳои интернетрасон дастрасӣ ба баъзе аз сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс”, Озодӣ ва Озодагонро маҳдуд кардаанд.

Омбудсмен таъкид кардааст, ин пешниҳодаш ба торнамоҳое, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон баста шудаанд, дахл надорад.

Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон даҳҳо саҳифаю сомонаи интернетӣ барои таблиғи ифротгароию ва хизмат ба гурӯҳҳои ифротӣ баста шудааст, ки дар қаторашон сомонаи расмии пешини Ҳизби мамнуи наҳзати исломии кишвар ҳам ҳаст.

XS
SM
MD
LG