Ссылки доступа

Русия: ҷавобгарии ҷиноӣ барои таҳқири суруди миллӣ


Додгоҳи олии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки тибқи он бораи таҳқири суруди миллӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ медиҳад.

Лоиҳаи қонун муҷозот барои таҳқири суруди миллиро бо ҳолатҳои ҳифзи нишон ва парчами миллӣ, ки дар Кодекси ҷиноятӣ шомил шудаанд, баробар кардааст. Гуфта мешавад, ин ба баробарии ҷойгоҳи се нишони давлатӣ, ки дар моддаи 70 Конститутсияи Русия зикр шудаанд, рабт дорад.

Тибқи лоиҳа, таҳқири суруди милли Русия таҳрифи барқасдонаи оҳанг ва ё матни он ҳангоми қироати оммавӣ ё ҳангоми нашр кардани он дар расонаҳо, аз ҷумла дар интернет, дониста мешавад. Барои таҳқири суруд муаллифони лоиҳа то як соли маҳдудият аз озодӣ ва ё то ҳамин муҳлат корҳои ислоҳӣ, ё аз 3 то 6 моҳи ҳабс ва ё то як соли зиндон пешниҳод кардаанд.

Дар шарҳи лоиҳаи қонун гуфтааст шудааст, зарурати ворид кардани ин тағйир баъди он ба миён омад, ки 8 май дар ҳамоише дар Севастопол суруди миллии Русия таҳрифу таҳқир шуд.

XS
SM
MD
LG