Ссылки доступа

Наздики 2000 гуреза дар баҳри Миёназамин наҷот ёфтанд


Наздики 2000 гуреза, ки аз Либия ба самти Аврупо шино мекарданд, 23 май дар баҳри Миёназамин аз ғарқшавӣ наҷот ёфтанд, хабар медиҳад Мавҷи Олмон. Ду киштии низомии Италия наздики 500 муҳоҷирро ғунҷонида ва 800 муҳоҷири дигар дар киштии "Табибони бидуни марз" ҷой гирифтаанд. Боқимондаҳо дар киштии низомии Ирландия паноҳгоҳи муваққатӣ пайдо кардаанд.

Баъди баста шудани масири Балкан дар ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ ва имзои созишномаи муҳоҷирон бо Туркия, истифодаи роҳи баҳрӣ, ки гурезагон аз шимоли Африқо ба Аврупо ҳаракат мекунанд, дучанд шудааст.

Дар ҳамин ҳол Иттиҳоди Аврупо ҳузури низомиашро дар соҳилҳои Либия бо ҳадафи пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ густариш медиҳад. Баъди дарёфти ризоияти ҳукумати нави Либия вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Брюссел оғози амалиёти, ба истилоҳ, "София"-ро таъйид карданд.

Низомиёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эҳтимол барои мубориза бо интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон истифода шаванд. Тибқи иттилои СММ, айни ҳол дар Либия мумкин аст, то 1 миллион гуреза ҳузур дошта бошад. Иттиҳоди Аврупо нигарони он аст, ки бисёре аз ин муҳоҷирон қасд доранд, то аз роҳи баҳри Миёназамин ба Аврупо ҳаракат кунанд.

XS
SM
MD
LG