Ссылки доступа

Қирғизистон рози 98 шиносномаи қалбакии чиниҳоро боз мекунад


Шиносномаҳои қалбакии қирғизӣ, ки дар фурудгоҳи Истамбул дарёфт шуд, барои маросими Ҳаҷ омода гардидаанд. Дар ин бора зимни ҷаласае дар порлумони Қирғизистон хабар дода шудааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки 98 шаҳрванди Чин 17 майи дар фурудгоҳи Отатурк ҳангоми парвоз ба Арабистони Саудӣ бо шиносномаҳои қалбакии қирғизӣ боздошт шуда, чаҳор шаҳрванди Қирғизистон ҳам ба гумони даст доштан дар ин кор дастгир гардиданд.

Қиличбек Тоқтогулов, муовини додситони кулли Қирғизистон дар ин ҷаласа аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар ин бора хабар дода, гуфтааст, агар даст доштани чаҳор шаҳрванди Қирғизистон дар таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ муайян шавад, Бишкек аз Анқара истирдодашонро дархост хоҳад кард.

Дар ҷаласаи мазкур Тойирбек Сарпашев, раиси Хадамоти бақайдгирии давлатии Қирғизистон ҳам иштирок дошта, таъкид кардааст, ки соҳибони аслии ин шиносномаҳо ҳоло дар ватан ҳастанду аз хориҷиён нусхаи қалбакии шиносномаҳо дарёфт шудааст.

Ба гуфтаи Сарпашев, қаллобон шиносномаҳои шаҳрвандонро бо баҳонаи баргузории фурсати бурди ҳаҷҷи ройгон, ҷамъ кардаанд. "Онҳо маълумоти заруриро барои худ қайд карда, баъдан шиносномаҳоро ба соҳибонашон баргардондаанд ва дар асоси ин маълумот ба хориҷиён шиносномаҳои қалбакӣ таҳия кардаанд", афзудааст вай.

XS
SM
MD
LG