Ссылки доступа

Генерал Павел: НАТО ба амали Русия дар Украина посух медиҳад


Раиси кумитаи низомии НАТО генерал Павел мегӯяд, агар Русия нисбати кишварҳои узви НАТО дар Шарқ иқдоме рӯи даст гирад, мисле ки дар Қрим ва ё Украина дида шуд, дар он сурат НАТО маҷбур аст вокуниш нишод диҳад.

Раиси кумитаи низомии НАТО хабар медиҳад, ки густариши нерӯи низомии НАТО дар кишварҳои шарқии узви иттиҳод посухи мустақиме ба амалиёти низомии Русия дар Гурҷистону Украина ва Сурия аст.

Генерал Павел, ки аз Чехия намояндагӣ мекунад, мегӯяд, "агар густариши рӯзафзуни низомии Русия, ки дар амалиёти Гурҷистон, Украина, Қрим ва ҳамчунин дар Сурия ба намоиш гузошт, намебуд, пас НАТО ҳам вокунише нишон намедод".

Ба гуфтаи вай, НАТО ва ба вижа кишварҳои шарқии узви иттиҳод "аз ҷониби Русия хатар ва хушунатро эҳсос мекунанд". Павел мегӯяд, кишварҳое, ки мустақиман бо Русия ҳаммарз ҳастанд, "мехоҳанд ба ҳузури НАТО ва омодагии НАТО ба амалиёт эътимоди бештар дошта бошанд".

XS
SM
MD
LG