Ссылки доступа

Ҳангомаи тақсими замин дар Остона ва Чимкентро "фитна" номиданд


Даҳо одам назди бинои ҳокимияти ноҳияи Сариарқаи шаҳри Остона дар навбат истодаанд, то барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ариза бисупоранд. Ин гуна талотум дар Чимкент ҳам мушоҳида шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳеч гуна тасмиме дар бораи тақсими замин гирифта нашудааст ва ин навбатпоии сокинон дар пайи "ҳангома" ва паҳни овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Руслан Ахмедов, сардори Идораи манзили шаҳри Остона дар суҳбат бо Tengrinews гуфтааст, афроди номаълум ба сокинон паёмакҳои бардурӯғ фиристодаанд, ки гӯиё хона ё 10 сотиқӣ замин дода мешавад.

"Ба ҳамаи сокинони шаҳр гуфтаниам, ки Идораи манзили Остона агар хабару иттилои дорад, онро ҳатман дар расонаҳои расмӣ, аз ҷумла сомонаи ҳокимияти шаҳр ё идораи манзил, нашрияву телевизионҳои расмӣ нашр хоҳад кард", - менависад хабаргузорӣ аз қавли Ахмедов.

Бар асоси Кодекси замини Қазоқистон ҳар шаҳрванд ҳаққи соҳиб шудани 10 сотих замин барои бунёди манзилро дорад. Аммо иҷрои ин қонун дар бештари ноҳияҳои Қазоқистон боз дошта шуда, мақомот мегӯянд, замин дар ҷойҳое дода мешавад, ки хизматрасониҳои коммуналӣ таъмин аст.

XS
SM
MD
LG