Ссылки доступа

Бонуе аз Ӯзбекистон ва додгоҳи Ҳинд забон намеёбанд


Бинобар иттилои нашрияи Hindustan Times, Барно Ҷураева, шаҳрванди 37-солаи Ӯзбекистон 5 моҳ аст, дар зиндони Bhopalи Ҳиндустон нигаҳдорӣ мешавад.

Ин зан мегӯяд, ӯро доруи хоб дода, аз ҳамсоякишвари Непал дуздидаанд.

Тавре ин нашрия менависад, Барно Ҷураева ягон забони маҳаллиро намедонад, то бифаҳмад, ки додгоҳ зиддаш чӣ айбе эълон кардааст.

"Айбдоршаванда ба ҷуз ӯзбекӣ бо забони дигаре гап зада наметавонад. Пулис вайро барои он ҳабс карда, ки намедонад дар чӣ айбдор мешавад ва шиносномаашро ҳам гирифтаанд", - гуфтааст мушовири ҳуқуқӣ Маноҷ Шривастава дар суҳбат бо Hindustan Times.

Ба иттилои пулис, Ҷураева 26 июли соли 2015 марзи Непалу Ҳиндустонро ғайриқонунӣ гузашта, то ҳол дар қаламрави ин кишвар бе иҷозат зиндагӣ мекардааст.

Аз 10 декабри соли гузашта ба ин сӯ 10 мурофиаи додгоҳии Ҷураева баргузор шуда, аммо дар ягонтои онҳо тарҷумони забони ӯзбекӣ иштирок накардааст. То ҳол сафорати Ӯзбекистон дар Ҳиндустон ҳам аз сарнавишти ин шаҳрванди кишвараш хабар надорад.

XS
SM
MD
LG