Ссылки доступа

Ҳимояти омбудсмени тоҷик аз ҳаққи корбарони интернет


Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет, ки бе огоҳӣ сомонаҳоро мебанданд, муҷозот шаванд.

Омбудсмени тоҷик рӯзи 24 май дар шаҳри Душанбе зимни гузориши солонааш аз вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфтааст, "ҳаққи истифодабарандагони Интернет набояд ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикӣ поймол шавад".

Ба гуфтаи вай, дар давоми соли гузашта ҳолатҳои баста шудани сомонаҳои хабарӣ, саҳифаи youtube.com ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабт гардидааст.

"Барои нақз нашудани ҳаққи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот нисбат ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет, ки бе санади расмӣ сомонаҳоро мебанданд, чораҳои қонунӣ андешида шавад", - пешниҳод кардааст вай

Дар Тоҷикистон то ҳол касе аз басташавии сомонаҳои интернетӣ ба додгоҳ шикоят накардааст. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ борҳо баста шудани сомонаҳо бо дархости ин ниҳодро тасдиқ намекунад ва худи ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳам ин мушкилро гоҳе фаннӣ ва гоҳе ба “дастури боло” рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG