Ссылки доступа

Дилшод Назаров нуқраи Олмонро ба гардан овехт


Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар Ҳаллеи Олмон медали нуқра ба даст овардааст. Вай ҳоло ягона варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба бозиҳои Рио-2016 роҳхат дорад.

Варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ҷойи дувумро ишғол кардааст. Вай ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон (Полша), ки рӯзи 4 июн 27-сола мешавад, бо натиҷаи 80 метру 39 сантиметр мақоми аввалро касб кард.

Ҳафтаи гузашта Дилшод Назарови 34-сола дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 78 метру 82 сантиметр ҷойи дувумро гирифт. Павел Файдек бо натиҷаи 80,66 метр ғолиб шуд.

Дилшод Назаров варзишгари нахустини тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай рӯзи 23 май гуфтааст, ки то охирҳои моҳи июн дар Чех машқ карда, ба Олимпиадаи Рио-2016 омодагӣ мебинад.

XS
SM
MD
LG