Ссылки доступа

Китоби Питер Померантсев дар бораи фасод дар Русия ҷоиза гирифт


Дар ин "насри дурахшон" рӯзноманигор дар бораи мусобиқаи пул ва дар бораи кишваре "ки онро ҷинояткорон идора мекунад ва аз он кишвар ба Лондон дарёи пули ифлос равона мешавад", нақл мекунад

Рӯзноманигор ва коргардони телевизион Питер Померантсев барои китобаш дар бораи Русия "Ҳақиқате нест. Ҳама чиз иҷозат аст" ҷоизаи ба номи Майкл Ондатжеро соҳиб шуд. Ин ҷоиза ҳамасола аз сӯи Ҷамъияти адабиёти шоҳигарӣ барои эҷодиёти бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, ки руҳияи кишваре ва ё минтақаеро ба беҳтарин шева мекушояд, бахшида мешавад.

Тибқи баҳогузории ҳайати доварон, китоби Померантсев, сарфи назар аз ин ки ҳар хонандае баъди мутолиаи ин китоб дигар намехоҳад ба Русия сафар кунад, як "очерки зиддипутинӣ" аст.

Ҷоизаи пулӣ барои китоби Питер Померантсев "Ҳақиқате нест. Ҳама чиз ҷоиз аст", ки аз "қиссаи хондание дар бораи хасисӣ ва фасодкории Русияи муосир" иборат аст, 10 ҳазор фунтро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG