Ссылки доступа

Ихроҷи дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Русия


Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳатто муҳоҷироне, ки ба таври қонунӣ дар Русия кор мекунанд, қурбони низоми шадиди додгоҳии ин кишвар мешаванд.

Зуҳро Айтикеева, шаҳрванди Қирғизистон бо низоми додгоҳии Русия ошноии хуб дорад. Писари вай рӯзи аввали ба Москва ворид шудан боздошт гардид. Додгоҳ ӯро панҷ ҳазор ҷарима баст ва қарори ихроҷро дар дасташ дод.

- Писари ман ҳамроҳаш на ҳуҷҷат дошт, на телефон, танҳо чипта дошт. Дар додгоҳ барои қабули қарор танҳо ному насаби дар чипта дарҷшуда кофӣ буд, дар поёни ҷаласаи додгоҳӣ қарори ихроҷ аз Русияро дар дасташ доданд. Якбора 20 нафарро ба толори додгоҳ барои муҳокима оварданд, бидуни омӯхтани ҳуҷҷатҳо суд қарор баровардааст. Дар ибтидо мо мехостем ин кишварро тарк кунем, вале вакили дифоъ пайдо карда ба додгоҳ муроҷиат намудем, - мегӯяд Зуҳро.

Зуҳро ва фарзандаш вакил киро карда, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурданд ва дар ниҳоят қарори додгоҳ тағйир дода шуд.

Ноадолатии додгоҳро гузориши кумитаи "Ҳамкории шаҳрвандӣ" низ тасдиқ мекунад. Дар ин гузориш, ки "Ихроҷи маъмурӣ аз Русия - муҳокимаи додгоҳӣ ва ё бадарғаи дастаҷамъӣ?" ном дорад, омадааст, танҳо дар як рӯз 94 парвандаи муҳоҷирон баррасӣ шуда, тақрибан ҳамаи онҳо ҷарима ва ихроҷ гардидаанд. Судяҳо парвандаи муҳоҷиронро дар панҷ дақиқа баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG