Ссылки доступа

Ҳимояти Жогорку Кенеш аз бастани сомонаҳо бе иҷозати додгоҳ


Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон аз бастани сомонаҳое, ки маводи экстремистию террористӣ нашр мекунанд, ҳимоят кардаааст.

Бештари вакилони порлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи мубориза бо терроризм" раъй додаанд.

Ин тағйиру иловаҳо ба ниҳодҳои давлатӣ ҳақ медиҳад, бе иҷозати додгоҳ сомонаи интернетиеро, ки маводи дорои хусусияти экстремистӣ нашр мекунад, бибанданд.

Ин сомонаҳо бо пешниҳоди Додситонии кул барои аз 3 то 5 рӯз аз сӯи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия баста хоҳад шуд. Агар дар ин муҳлат ташхис ё додгоҳ хусусиятҳои террористию экстремистиро дар маводи сомона исбот накунад, дастрасӣ ба он дубора барқарор мешавад.

ВКД-и Қирғизистон мегӯяд, таблиғи тероризму ташвиқи ҷавонони ин кишвар ба сафи гуруҳҳои ифротгаро бештар тавассути сомонаҳои интернетӣ сурат мегирад. Ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар ин кишвар 20 сомона барои таблиғу ташвиқи терроризм баста мешавад. Вале соҳибони онҳо бо тағйири ному нишонии IP фаъолиятро идома медиҳанд.

Ҳимояти бештари вакилон аз ин тағйиру иловаҳо дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ аз қабулаш нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ин қонун ба озодии сухан таҳдид мекунад. Зеро ба гуфтаи онҳо, то ин дам ҳолатҳои бе далел бастани сомонаҳо дар Қирғизистон ҷой дошт.

XS
SM
MD
LG