Ба иттилои манбаъи бахшии ӯзбекии Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон, ҳокими пешини вилояти Тошканд, ки бо лақаби "Гитлер" маъруф аст, худро хуб ҳис мекунад ва дар манзилаш бозпурсӣ мешавад.
- Усмонов худро ҳамчун авфшуда эҳсос мекунад. Табъаш хуш аст. Усмонов бо тафтишот ҳамкорӣ дорад, - мегӯяд манбаъи Радиои Озодӣ.
Маълум шуд, ки нишондодҳои асосӣ зидди Усмонов аз Андиҷон мерасанд. Ҳокими пешини вилояти Тошканд гуфтааст, ҳамаи маблағи камомадро хоҳад пардохт.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Усмонов миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ боз шуд. То рухсат ёфтан вай дар беморхона бозпурсӣ мешуд.