Ссылки доступа

Нависандаҳои ИМА зидди Доналд Трамп баромад карданд


Бештар аз 450 нависандаи амриоӣ зидди, ба эҳтимоли зиёд, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳони Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп зери мактуби электронӣ имзо гузоштанд.

Адибон, ки миёнашон Стивен Кинг, Жюно Диас ва Дэвид Эггерс низ ҳастанд, муроҷиатномаи онлайнӣ "Мактуби кушод ба халқи Амрико"-ро нашр карда, Трампро ба "таблиғи хушунат миёни пайравонаш" ва "тарсонидани дигарандешон" айбдор намудаанд.

"Моҳияти таҷрибаи амрикоӣ аз оғоз муттаҳид кардани одамон буд, на ҷудоӣ андохтан миёни онҳо", - омадааст дар мактуб.

Сарфи назар аз он ки дар мактуб муаллифон зидди пешбарӣ шудани Трамп ба мақоми номзадӣ ҳастанд, ҳамзамон дар ин мактуб аз мардум даъват нашудааст, ки ба ҷонибдорӣ аз рақибони Трамп раъй диҳанд. То ин замон мактубро бештар 8500 нафар имзо гузоштааст.

Баъди пирӯзи дар интихоботи ибтидоӣ дар иёлати Вашингтон 24 май Доналд Трамп ба пешбарии номзадиаш ба президентии ИМА боз ҳам наздиктар шуд. Трамп агар тавонад, ки то 7 июл 14 раъйи дигар ба даст оварда, шумори умурии овозҳояшро ба 1237 бирасонад, пас пуштибонии Ҳизби ҷумҳурихоҳонро соҳиб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG