Ссылки доступа

Қазоқистон барои барномаҳои буҷавияш $1 миллиард қарз мегирад


Вакилони Сенати порлумони Қазоқистон созишномаи қарзӣ бо Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушд дар ҳаҷми 1 миллиард доллари амрикоиро тасвиб намуданд.

Ин пул ба маблағгузории сиёсати рушди идораи макроиқтисодӣ ва сармоягузории саривақтии барномаҳои буҷавии ин кишвар равона хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Боқид Султонов, вазири молияи Қазоқистон, муҳлати пардохти ин қарз 20 сол буда, баҳрааш 1,5 дарсадро ташкил медиҳад ва бар асоси қарордод, барои бозпас додани он бо фоизаш дувуним соли дигар муҳлати иловагии имтиёзнок дода хоҳад шуд.

Охири соли гузашта ҳам Қазоқистон созишномаи қарзиеро бо Бонки осиёии рушд барои сармоягузории касри буҷаи соли 2016 дар ҳаҷми 1 миллиард доллар тасвиб карда буд.

Бар асоси иловаҳои воридшуда ба буҷаи Қазоқистон дар моҳи марти соли равон, касри буҷаи имсола 902,7 миллиард танга ё 2,7 миллиард доллари амрикоӣ пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG