Ссылки доступа

Эстония ба густариши ҳузури НАТО дар Балтика даъват кард


Таавӣ Рийвас, сарвазири Эстония аз НАТО даъват кард, ки ҳузури низомиашро дар кишварҳои соҳили Балтика густариш диҳад, хабар мерасонад Мавҷи Олмон.

"Барои мо дар Эстония, Латвия ва Литва ҳузури доимии баталёнҳои НАТО зарур аст. Ин нерӯҳо табодул мешаванд, онҳо набояд иншооти доимӣ барои худашон таъсис диҳанд", - гуфтааст Рийвас дар мусоҳибаи Мавҷи Олмон.

Дар ҳамин ҳол вай ба ҳузури доимии ин нерӯҳо таъкид кардааст.

"Ҳеч мушкиле набояд ба вуҷуд ояд. Пешгирӣ бояд ба меъёри наве табдил шавад. Ҷараёни густариши ҳузури низомии НАТО "ба самти дуруст равона аст", аммо созишномаҳои нав бояд баста шаванд", - афзудааст ин сиёсатмадор.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки НАТО ният дорад, то дар Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония ҳузури низомиашро густариш диҳад. Иттиҳоди Атлантикаи шимолӣ ният дорад дар ин кишварҳо нерӯҳои низомиашро ҷойгир созад. Дар ин бора дар саммити моҳи июл дар Варшава қарори ниҳоӣ қабул хоҳад шуд. Интизор меравад, дар ин чаҳор кишвар якбаталёнӣ иборат аз 1000 аскар ҷойгир шавад.

Русия дар навбати худ, аз пайдошавии се дивизия то охири соли 2016 - ду дивизия дар Минтақаи низомии ғарбӣ ва як дивизияи дигар дар Минтақаи Ҷанубӣ хабар дод. Ба гуфтаи вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, ин посух ба густариши нерӯҳои НАТО "мустақиман дар наздикии сарҳади Русия" аст.

XS
SM
MD
LG