Ссылки доступа

CIT: дар наздикии Полмиро маҳз чархболҳои Русия нобуд шудаанд


Гуруҳи мустақили таҳқиқгарони Conflict Intelligence Team (CIT) хабари ширкати иктишофиву таҳлилии Stratfor-и амрикоӣ дар бораи нобудсозии техникаи Русия дар Сурияро тасдиқ кард.

Дар бораи нобудсозии чаҳор чархболи Русия дар пойгоҳи "Т4" (номи дигараш "Тияс") ширкати Stratfor 24 май хабар дода буд. Stratfor аксҳои моҳвораии пойгоҳро, ки баъди нобудсозии техника бардошта шудаанд, нашр кард. Дар ин аксҳо изи сухтори чархболҳо ва мошинҳои дигари низомӣ дида мешавад. Тибқи як фарзияи таҳлилгарон, пойгоҳи низомӣ дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" оташ гирифтааст. "Давлати исломӣ" 14 май эълон кард, ки масъулияти ҳамларо ба дӯш мегирад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати мудофиаи Русия ин хабарҳоро рад мекунад. Намояндаи вазорат Игор Конашеков мегӯяд, "ҳамаи чархболҳое, ки дар Сурия ҳастанд, ба иҷрои вазифаҳояшон - нобуд кардани террористон машғуланд. Ҳайати шахсии пойгоҳи низомии Русия талафоте надидааст". Хабари ҳамла ба пойгоҳи Т4-ро вай таблиғоти ДИ номид.

XS
SM
MD
LG