Ссылки доступа

Назарбоев: "қазоқҳо ҳаргиз ин гуна назистаанд"


Қазоқистон дар давоми солҳои истиқлолаш ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, дар қатори 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон ҷой гирифтааст.

Ин нуктаро Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии Остона баён кардааст.

"Қазоқ ва қазоқистониҳо ҳеч вақт тавре, ки ҳозир зиндагӣ мекунанд, назистаанд. Дар давраи шӯравӣ ин комёбиҳое, ки ҳоло дар соҳаи маорифу тандурусӣ ҳаст, набуд", - гуфтааст Назарбоев.

Ба гуфтаи вай, дар Қазоқистон аз замони истиқлол то ба ҳол 2 миллион ҷойи корӣ таъсис ёфта, шумори сокиноне, ки зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, дар 25 сол аз 40% то ба 3% коҳиш ёфтааст.

Назарабоев таъкид карда, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қазоқситон аз соли 1991 то 2014 20 баробар зиёд шуда, маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ ҳам афзоиш ёфта, ҳаҷми захираи тилои ин кишвар то ба 95 миллиард доллар расидааст.

Тайи якуним соли ахир иқтисоди Қазоқистон бо поин рафтани арзиши нерӯи барқ ва металҳои қимматбаҳо, ки бахши асосии содироти ин кишварро ташкил медиҳанд, вазъи бадеро пушти сар мекунад.

XS
SM
MD
LG