Ссылки доступа

Вашингтон мегӯяд, толибон стратегияи зӯровариро идома медиҳанд


Нишастани гуруҳи Толибон сари мизи музокирот дар рӯзҳои наздик аз эҳтимол дур аст. Ин нуктаро Барак Обама, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар саммити "Ҳафтгонаи бузург", ки рӯзи панҷшанбе дар Ҷопон оғоз шуд, баён кардааст.

Ба назари Обама, гуруҳи Толибон баъд аз интихоби раҳбари нав ба стратегияи зӯроварӣ идома хоҳад дод. Президенти ИМА таъкид намудааст, ки Вашингтон аз равандҳои нозуки демократисозӣ дар Афғонистон ҳимоят карда, намегузорад, ҳузури гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" дар қаламрави ин кишвар густариш ёбад.

Вай изҳори умед кардааст, ки толибон рӯзе номумкин будани ғасби Афғонистонро пай бурда, зарурати нишастан сари мизи гуфтушунид бо ҳукумати ин кишварро дарк хоҳанд кард. Вале, ба гуфтаи Обама, ин кор дар рӯзҳои наздик сурат нахоҳад гирифт.

Ин ҳафрҳои президенти ИМА дар ҳолест, ки чанде қабл руҳонии ифротгарои афғон Ҳабибуллоҳ Охундзода раҳбари нави Толибон интихоб гардид. Вай дар ин мақом Мулло Ахтар Мансурро иваз кард, ки ахиран дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ кушта шуд.

Шакли аслии видеои маросими савгандёдкунии гуруҳи фармондеҳони Толибон дар назди раҳбари нав инҷост.

XS
SM
MD
LG