Ссылки доступа

Ноиби шаҳрдор видеоҳои фаҳшо бо кӯдаконро хуш доштааст


Муовини раиси шаҳри Великий Новгород Вадим Фадеев рӯзи панҷшанбе ба гумони интишори маводи порнографии кӯдакона боздошт шуда, коргоҳаш мавриди кофтуков қарор гирифт.

Бинобар иттилои Хадамоти матбуотии РВКД Великий Новгорд, ҳоло зидди Фадееви 44-сола бар асоси моддаи 242-и Кодекси ҷиноии Русия, "истеҳсоли ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши мавод ё ашёи порнографӣ" парванда боз гардидааст.

Тавре сомонаи шаҳрии "Новгород.ру" хабар додааст, додситонӣ таҳқиқи ин қазияро ҳанӯз моҳи декабри соли 2015 оғоз карда, гӯё муовини раиси шаҳр давоми якуним соли охир бо номҳои мустаор наворҳои видеоии фаҳшо бо иштироки ноболиғонро дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн мекардааст.

Фадеев аз соли 2014 ба ин сӯ дар вазифаҳои раиси Кумитаи маориф, раиси Кумитаи фарҳанг ва ҷавонон ва сардори Идораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Великий Новгород кор карда, Донишгоҳи давлатии ин шаҳрро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих ва илмҳои сиёсию иҷтимоӣ хатм намудааст.

Азбаски Фадеев ҳоло танҳо гумонбар аст, шаҳрдорӣ ва худи ӯ то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG