Ссылки доступа

Ӯзбекистон барои ҷаласаи Шанхай 50 мошини Cadillac овард


Ба иштирокдорони саммити СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай) дар шаҳри Тошканд бо мошинҳои нави Cadillac ва микроавтобуси Coach Higer хизмат расонида мешавад.

Тавре Ca-News бо истинод ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, чанд рӯз пеш ба Тошканд 50 мошини нави навъи Cadillac ва 4 микроавтобуси Coach Higer ворид кардаанд.

Бар асоси иттилои манбаъ, яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто санадеро ҳам нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, ин мошинҳо барои омодагӣ ва баргузории ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд оварда шудаанд.

Ёдрас мешавем, саммити СҲШ рӯзҳои 23 ва 24 июни соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG