Ссылки доступа

Таҳдиди гуруснашинии нафткашҳои Қашағони Қазоқистон (видео)


Кормандони ширкате, ки дар кони нафти Қашағони Қазоқистон ба истихроҷи нафт машғуланд, мегӯяд, баъди баргузории тендери навбатӣ ва тағйири роҳбарияти ширкат, коргарон ихтисор мешаванд.

Ба гуфтаи коргарон, созишномаи кории 335 коргар бо ширкати Caspian Oil Services Management Incorporation Kazakhstan (COSMI), 31 май ба охир мерасад.

Сайлау Бастаев, раиси эътилофи иҷтимоии "Иттифоқи маҳаллии Тупкараган " мегӯяд, корхонаи "НефтСтройСервис Лтд", ки аз 1 июн ба ҳайси пудратчӣ ба кор мепардозад, аз ихтисор шудани 53 коргар ва музди моҳонаи коргарони боқимонда хабар медиҳад.

Муҳаммадҷон Дарибоев аз соли 2004 ба ин сӯ дар кони Қашағон фаъолият дорад. Ба гуфтаи вай, ҳар панҷ сол пудратчӣ иваз мешавад ва дафъаҳои пешин бо тағйир ёфтани пудратчӣ коргарон ба фаъолият идома медоданд. Акнун ин дафъа ҳама чиз тағйир меёбад.

Раиси иттифоқ Сайлау Бастаев мегӯяд, онҳо аз пудратчии нав талаб доранд, ки моҳона ва коргаронро ихтисор накунад. Коргарони кунуниро нигаҳ дорад ва бо онҳо созишномаи бемуҳлат бандад. Чунин мактуб ба ҳокими вилояти Магистау ва мақомоти дигар низ фиристода шудааст.

Дар ҳолати ҳал нашудани ин мушкил коргарон мегӯянд, ба гуруснашинӣ хоҳанд нишаст.

Работающие в подрядной организации Кашагана опасаются сокращений
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:25 0:00

Новый подрядчик Кашагана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:47 0:00

XS
SM
MD
LG