Ссылки доступа

Нафақахӯрони ӯзбек маҷбуранд, ки ба корти плостикӣ маблағ гузаронанд


Кормандони бахши Бунёди нафақаи Ӯзбекистон дар ивази расонидани иттилои зарурӣ ба нафақахӯрон, аз онҳо талаб мекунанд, ки қисме аз нафақаашонро ба корти плостикӣ интиқол диҳанд.

Лариса Кузнетсова, нафақахӯре аз Тошканд мегӯяд, имрӯзҳо дар даврони норасоии пули нақд дар ин кишвар нафақахӯрони ӯзбек, ки пештар ҳам нафақаи зиёде намегирифтанд, ба беҳимояттарин қишри ҷомеа табдил шудаанд.

- Мо ба пули нақд эҳтиёҷ дорем. Ба бозор меравем, арзонтарин сабзавотро мехарем. Агар бо корти плостикӣ аз мағоза маҳсулоти ғизоӣ бихарем, дар ин сурат 20-30 дарсад гаронамон меафтад. Хуб мебуд, ки ҳоло ҳукумат ба нафақаи шаҳрвандон даст намерасонд, - мегӯяд Кузнетсоваи 65-сола.

Ёдрас мешавем, ки бо сабаби норасоии пули нақд дар Ӯзбекистон тасмим гирифта шудааст, то ҳадди ақал 30 дарсади нафақаи бознишастагон ба кортҳои плостикиашон интиқол дода шавад.

XS
SM
MD
LG