Ссылки доступа

Кушта шудани 5 низомии Украина дар Донбасс


Давоми ду шабонарӯзи ахир дар Донбасс 5 низомии Украина кушта шуда, 4 тани дигар бистарӣ гардидаанд. Дар ин бора Александр Мотузяник, намояндаи дастгоҳи иҷроияи президенти Украина дар умури амалиёти низомӣ дар шарқи ин кишвар хабар додааст.

Киев мегӯяд, ҷудоихоҳон давоми як шабонарӯзи ахир 30 бор оташбасро вайрон карда, тарафи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Донетск, Мариупол ва Луганск оташ кушодаанд.

Ҷониби "Ҷумҳурии мардумии Донетск"-и худхонда дар посух ба ин изҳороти Киев низомиёни Украинаро ҳам дар оташкушоӣ ба сӯи деҳаҳои Спартак, Жабичевою Весело ва шаҳри Докучаевск айбдор намудааст.

Киев ва кишварҳои Ғарб Русияро дар он айбдор мекунанд, ки аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҳимоят карда, ба онҷо силоҳ ва нерӯ мефиристад. Дар ҳоле, ки Кремл ин ҳамаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG