Ссылки доступа

Эҳтимоли рӯй гардондани Қирғизистон аз миллионҳо сармояи Чех


Ҳукумати Қирғизистон имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Чех дар соҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурдро боздошт. Дар ин бора Уран Чекирбоев, сардори Шуъбаи иттилоот ва таҳлили Агентии сармоягузории Вазорати иқтисоди Қирғизистон хабар медиҳад.

Чекирбоев мегӯяд, ин тасмим дар пайи пайдо шудани ширкатҳои нави хориҷӣ, ки ба ин соҳаи Қирғизистон таваҷҷуҳ доранд, гирифта шудааст. Вале ҳанӯз дар бораи ин ширкатҳо чизе гуфта намешавад.

Қаблан ҳукумати Қирғизистон аз ҳосил шудани қарордоди ибтидоӣ бо Ҷумҳурии Чех дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар Киров, Орто-Тоқ ва обанборҳои Папану Торткул хабар дода буд.

Дар умум тавони ин нерӯгоҳҳо 158 мегавват буда, арзиши иҷрои лоиҳаҳо, ки пудратчии онҳо ду ширкат ба ҳисоб мерафт, 190 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Вале беиродагии Девони вазирони Қирғизистон метавонад иҷрои тарҳҳоро зери суол барад.

Эмил Умедалиев, вазири пешини иқтисоди Қирғизистон тағйири нақшаи ҳукумати кишварашро ба фишори эҳтимолии ҷониби Русия марбут донист. Вале мансабдорони қирғиз инро рад карда, мегӯянд, таъхири имзои созишнома сабабҳои расмӣ дорад.

XS
SM
MD
LG