Ссылки доступа

Зоирони Эрон имсол ба ҳаҷ намераванд


Арабистони Саудӣ дархостҳои Эрон дар мавриди ширкати зоирони эронӣ дар маросими ҳаҷро рад кард.

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Одил ал-Ҷубайр мегӯяд, ҷониби Эрон барои баргузории гирдиҳамоӣ ва дарёфти имтиёзҳо дар маросими ҳаҷ дархост фиристода буд. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Арабистон, ин дархостҳо дар маросими ҳаҷ монеаҳои зиёде эҷод хоҳанд кард.

Пештар аз ин вазири фарҳанги Эрон Алӣ Ҷаннатӣ эълон карда буд, ки имсол эрониҳо ба ҳаҷ намераванд.

Дар маросими ҳаҷҷи 2015 бештар аз 460 зоири эронӣ дар издиҳоме дар Макка ҷон бохтанд. Мақомоти Эрон барои роҳ додан ба камбудиҳо Риёзро айбдор карданд.

Арабистони Саудӣ, ки кишвари суннимазҳаб аст, моҳи январи соли ҷорӣ муносибатҳояшро бо Эрони шиамазҳаб канд. Сабаби сард шудани муносиботи ин ду кишвар оташ задани бинои сафорат ва консулгарии Арабистон дар Теҳрон буд. Эрониҳои хашмгин зидди қатли руҳонии машҳури шиа дар Арабистони Саудӣ - Нимр ан-Нимр тазоҳурот карда буданд.

XS
SM
MD
LG