Ссылки доступа

Модари серфарзанд ҳамчун "Мама Роза" маҳкум шуд


Зане дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ҳамроҳ бо як шабака ба қочоқи духтарони ҷавон барои танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар айбдор шуд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз додгоҳи вилоятӣ хабар додааст.

«Ин шабакаро зане созмон дода буд, ки худ модари 10 фарзанд аст. Додгоҳ ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Як бонуи дигар, ки ба вай кумак мекардааст, ба ҳашт ва дигарӣ ба ҳаштуним соли ҳабс маҳкум шуданд," -- гуфт намояндаи додгоҳ.

Бино бар гуфтаҳои ӯ, тафтишот исбот кард, ки ин занон духтаронеро аз хонаводаҳои камбизоат пайдо ва ба онҳо кори сердаромадеро дар кишварҳои Аврупо ва Осиё ваъда карда, амалан онҳоро ба фоҳишахонаҳо мефиристодаанд.

Ин гурӯҳи ҷинояткорро кормандони ҳифзи ҳуқуқ замоне фош ва боздошт карданд, ки чанд қурбонии онҳо бо ёрии намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон аз бардагии шаҳвонӣ наҷот ёфта, ба ватан баргаштанд ва аз амали ин шабака ба полис шикоят бурданд.

XS
SM
MD
LG