Ссылки доступа

Вазири корҳои дохилии Қирғизистон аз "хастагӣ"-яш истеъфо дод


Дар ин бора худи вазири корҳои дохилии Қирғизистон Мелис Турганбоев баъд аз имзо шудани аризааш аз тарафи раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев хабар дод.

Сарвари Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, бо хоҳиши худ ариза навишт ва набояд ба ин қарори ӯ ангезаҳои сиёсӣ дод. "Ман ҳамту, қарор додам, ки истироҳат кунам. Вазифаи вазирӣ барои ман якумрӣ набуд," -- гуфт Мелис Турганбоев.

Вай изофа намуд, ки аз соли 2010 ягон бор рухсатии меҳнатӣ нагирифтааст. Аммо ӯ 3 октябри соли 2014 вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъйин шуда буд.

Пас аз пазируфта шудакни истеъфои Турганбоев ба ҷои ӯ Қашқар Ҷунушалиев муваққатан иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG