Ссылки доступа

Боздошти ҳокими пешин бо гумони сӯиқасд ба ҷони маъшуқааш


Женис Сериккалиев, ҳокими пешини ноҳияи Теректини вилояти Ғарбии Ҷумҳурии Қазоқистон бо гумони ташкили сӯиқасд ба ҷони маъшуқааш боздошт гардида, бо қарори додгоҳи шаҳри Урал ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Ҳамла ба ин зани ҷавон, ки дар натиҷа даҳ захми кор бардошта буд, моҳи феврали соли равон сурат гирифт. Бинобар фарзияи муфаттишон, вай аз Сериккалиев эътирофи ҳаққи падарии фарзандашро хостааст.

Ҳокими пешини Теректин барои анҷоми ин сӯиқасд зердастонаш ронанда - ва раиси Хадамоти коммуналию манзилии ноҳияро киро карда, ба онҳо 500 ҳазор танга додааст. Аммо зан аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурда, ба пулис муроҷиат кард. Ҳамлагарон ҳам ҳоло боздошт шудаанд.

Женис Сериккалиеви 38-сола то ҳол дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ дар дастгоҳи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ кор карда, моҳи марти соли 2013 ҳокими ноҳияи Теректин таъйин шуд. Вале охирҳои моҳи май бо хоҳиши худ аз вазифааш канор рафт.

XS
SM
MD
LG