Ссылки доступа

Ҳазорон муҳоҷирро аз Москва бадарға карданд


Дар доираи амалиёти "Ғайриқонунӣ-2016" ва "Заслон - 2016", ки аз ҷониби пулиси Москва аз 5 то 25 майи соли равон гузаронида шуд, беш аз 5,5 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуӣ аз қаламрави Русия берун гардидаанд.

Бинобар иттилои пулис, дар ин амалиёт наздики 150 шахси дар кофтукоб буда боздошт ва беш аз 14 ҳазор ҳолати нақзи қонуни муҳоҷират ошкор шуда, наздики ду кило маводи мухаддиру 180 дона силоҳ мусодира гардидааст.

Дар бораи шаҳрвандии ин муҳоҷирон чизе гуфта нашудааст. Вале Геннадий Голиков, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Москва гуфтааст, бештари ин муҳоҷирон аз 2200 манзили зисте дастгир гаштанд, ки ғайриқонунӣ ба онҳо иҷора дода шудаанд. Ба гуфтаи вай, дар 1620 манзили зист муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз муваққатан зиндагӣ мекарданд.

Баҳром Ҳамроев, раҳбари созмони "Кумак" дар шаҳри Москва, ки ба муҳоҷирон ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, мегӯяд, амалиёти мазкур шикоятҳои зиёдеро ба бор овардааст. Ба гуфтаи вай, бештари муроҷиаткунандагон ё худ муҳоҷироне, ки дастгир ва аз қаламрави Русия ронда шудаанд, шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистонанд.

XS
SM
MD
LG