Ссылки доступа

Таҳдиди сел ба деҳаҳои куҳистонии Қирғизистон


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ба ҳукумати ин кишвар дастур додааст, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиии ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд чораҷӯӣ кунанд.

Отамбоев ба хонаводаҳои панҷ қурбонии офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ карда ва ба ҳар кадом аз ин оилаҳо аз ҳисоби фонди шахсиаш 500 ҳазор сомӣ (муодили 50 ҳазор сомонӣ) кумаки моддӣ расонидааст.

Дар шоҳроҳи Қадамҷой-Ҳайдаркони Қирғизистон қитъаҳои роҳ аз сангу хоки селовард тоза карда мешаванд.

Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон Кубатбек Боронов мегӯяд, тақрибан ҳамаи деҳаҳои куҳистонии ин кишварро хатари фаромадани сел таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG