Ссылки доступа

Путин ба Остона омад


Владимир Путин, президенти Русия барои ширкат дар ҷаласаи Олии шӯрои иқтисодии АвруОсиё ба Остона омад, хабар медиҳад сомонаи расмии Кремл.

Имрӯз дар ҷаласаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сарони кишварҳои ин созмон - Қазоқисон, Русия, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон дурнамои густариши ҳамгироиро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла ташкили бозори умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ баррасӣ шуда, дар робита ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои муттаҳидаи минтақаӣ табодули назар мешавад. Интизор меравад, ҷонибҳо дар поёни ҷаласа қарорҳои муштарак ва ҳуҷҷатҳои дигарро имзо кунанд.

Баъдан аз номи Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон барои сарони кишварҳои узви шӯро субҳона ташкил карда мешавад ва Тигран Саркисян, раиси комисияи иқтисодии АвруОсиё ҷаласаро хулоса мекунад.

Ҳамчунин дар доираи ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин дар назар аст.

XS
SM
MD
LG