Ссылки доступа

Даргузашти Эркин Воҳидов, шоири шинохтаи Ӯзбекистон


Эркин Воҳидов, шоири халқӣ ва соҳиби унвони Қаҳрамони Ӯзбекистон рӯзи 30 май дар шаҳри Тошканд даргузашт. Мегӯянд, вай давоми ним соли ахир се бор дучори сактаи майна шудааст.

Шоири шинохта, муаллифи шеъри машҳури "Ӯзбегим", ки гимни дувуми миллӣ дар Ӯзбекистон ҳисоб мешавад ва раиси пешини Кумитаи порлумони ин кишвар дар умури байналмилалӣ шаби душанбе дар Беморхонаи давлатии №1-и Тошканд фавтидааст. Вай моҳи декабр мебоист 80-сола мешуд.

Ба гуфтаи рӯзноманигори тошкандӣ, вақтҳои охир Воҳидовро дар бистарӣ беморӣ ҳамсару духтараш нигоҳубин карда, бо вуҷуди наздик буданаш бо ҳукуматдорон ва кайҳо аз ёдҳо зудуд шудани нақшаш дар таъсиси ҳаракати мухолифи "Бирлик" дар солҳои 1990-ум, касе ба аёдати вай наомадааст.

Воҳидов дар вилояти Фарғона ба дунё омада, падараш омӯзгор буд. Баъд аз кӯчидани хонаводааш ба шаҳри Тошканд дар соли 1945, дар яке аз мактабҳои миёнаи пойтахти Ӯзбекистон таҳсил кард. Баъд аз хатми донишгоҳ дар нашриёт ба кор даромада, маҷаллаи адабиеро раҳбарӣ мекард.

Эркин Воҳидов муаллифи беш аз 30 маҷмуаи шеър ва чанд намоишномаи муваффақ буда, соли 1999 ба унвони Қаҳрамони Ӯзбекистон ноил гаштааст.

XS
SM
MD
LG