Ссылки доступа

Отамбоев аз эҷоди мушкилиҳои сунъии ИИАО гуфт


Дар фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) натиҷаҳо ва пешрафтҳои мушаххасе мавҷуд аст, аммо зиён ва мушкилиҳои сунъие ҳам ҳаст. Дар ин бора Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Шӯрои олии Иттиҳоди АвруОсиё дар Остона изҳори назар кард.

"Аз замоне, ки Қирғизистон лоиҳаи Ҳамгироии АвруОсиёро пуштибонӣ кард ва созишномаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро имзо гузошт, як сол сипарӣ гардид. Сарфи назар аз паҳлуҳои мусбати ҳамгироӣ, аз ҷумла, манъи назорати гумрукӣ дар марзи Қирғизистону Қазоқистон, беҳтар шудани вазъи муҳоҷирони қирғиз дар Русия ва кишварҳои дигарри узви иттиҳод, мехостам аз мушкилиҳо сухан кунам. Ин мушкилиҳо марбути нархгузории ягонаи хизматрасонии роҳи оҳан, маҳдудсозии содироти картошка ба Қазоқистон, манъи назорати ветеринарӣ дар марзи Қазоқистону Қирғизистон, интиқоли мол тавассути Русия ва ғайра ҳастанд", - гуфтааст Отамбоев.

Президенти Қирғизистон ба Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин барои ҳамдигарфаҳмӣ ва ваъдаи рафъи ин мушкилиҳо дар наздиктарин фурсатҳо ташаккур гуфт.

Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамчунин дурнамои густариши ҳамгироӣ, аз ҷумла таъсиси бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG