"Соли 2016-ро аз нигоҳи теъдоди қурбониёни ғарқшавии киштиҳо метавон фоҷиабор номид", - гуфтааст намояндаи ин агентӣ Уилям Спиндлер.
Ба гуфтаи вай, аз аввали соли равон то ҳол дар натиҷаи ғарқшавии киштиҳо беш аз дувуним ҳазор одам ба ҳалокат расидааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 1850 касро ташкил медод.
"Қочоқбарон одамонро ба киштиҳое савор мекунанд, ки барои ҳамлу нақли дарёӣ хатарноканд", - бори дигар таъкид кардааст Спиндлер.
Бештари ин муҳоҷирон шаҳрвандони Сурия, Ироқ ва Афғонистонанд, ки аз хушунату зуроварӣ дар кишварҳояшон мегурезанд.