Ссылки доступа

Аврупо 20 таҳиягари шиносномаҳои қалбакиро боздошт кард


Дар Юнон ва Ҷумҳурии Чех беш аз 20 кас бо гумони омода кардани шиноснома ва раводиди қалбакӣ барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд, ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) роҳ ёбанд, боздошт шудаанд.

Бар асоси иттилои пулиси ИА, шиноснома ва раводидҳо бар ивази севуним ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта шуда, то ба кишварҳои Аврупо, Африқо, Ховари Миёна ва Осиё дастрас мегардидаанд.

Тавре пулиси Юнон хабар медиҳад, ин гуруҳи ҷиноӣ дар интиқоли ғайриқонунии одамон ҳам тариқи марзҳо айбдор мешавад.

Бинобар маълумоти пулиси ИА, маркази ин шабакаи ҷиноӣ шаҳри Афина буда, як гуруҳро шаҳрвандони Судон ва гуруҳи дувумро бангладешиҳо раҳбарӣ мекардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳар ду гуруҳ бо таҳияи шаҳодатномаҳои ронандагӣ, санади паноҳандагӣ, шиноснома ва раводиди қалбакӣ машғул будаанд.

XS
SM
MD
LG