Ссылки доступа

Талаби истеъфо сокини Қубодиёнро паси панҷара бурд


Як сокини ноҳияи Қубодиён барои пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва талаби истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон 5 сол зиндонӣ шудааст.

Ин ҳукм аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе охири ҳафтаи гузашта содир шуда, ҷузъиёташ ҳоло расонаӣ гардид.

Ҳ.С.Д., сокини ҷавони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ибтидои моҳи январи соли равон ҳангоми бозгашт аз муҳоҷират ба Ватан боздошт шуда, дар "даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ ва ташкили гуруҳи ифротгаро" айбдор мешавад.

Дар хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, ки Ҳ.С.Д. соли 2014 дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба "Гурӯҳи 24" пайваста, дар ҳамоишҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон барои талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

"Ҳ.С.Д. дар толори кинотеатри “Стрела”­-и Екатеринбург дар маҷлиси аъзои ташкилоти экстремистии "Гурӯҳи 24" иштирок наммудааст, ки дар он аз иштирокдорон даъват шуд, ба Тоҷикистон бираванду бо ҳадафи ғасби ҳокимият дар Душанбе гирдиҳамоӣ баргузор кунанд. Баромадкунандаҳои ин маҷлис нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон суханҳои қабеҳ гуфта, бо овози баланд “Истеъфо”, “Истеъфо”, “Истеъфо Эмомалӣ Раҳмон” садо кардаанд ва Ҳ.С.Д. ҳамроҳ бо муҳоҷирони дигари тоҷик ҳам “Истеъфо”, “Истеъфо”, “Истеъфо” гуфтааст,” - таъкид шудааст дар қарори додгоҳ.

Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, то имрӯз беш аз 20 нафар дар Тоҷикистон ба гумони ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ бо қарори Додгоҳи олӣ аз моҳи октябри соли 2014 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст, зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG