Ссылки доступа

Исмоилова барои "суҳбат" ба КДАМ даъват шудааст


Толекан Исмоилова, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон, аз сӯи як муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар барои "суҳбат" даъват шудааст. Дар ин бора худи ӯ хабар дод.

Вале Исмоилова гуфт, рафтанаш ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро бе даъватномаи расмӣ рад кардааст. "Яке аз муфаттишон тамос гирифта, даъват кард. Аммо онҳо ба ҳайси як ниҳоди давлатӣ бояд даъватномаи расмӣ фиристанд. Ман иҷрои ҳамин меъёри қонунро талаб кардам," -- мегӯяд ӯ.

Толекан Исмоилова ин тамоси муфаттиши КДАМ-и Қирғизистонро ба фаъолияти касбиаш рабт дод. Ӯ гуфт, ки баъд аз интиқоди Алмазбек Атамбаев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар ҳаққи ҳомиёни ҳуқуқ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муроҷиат карда хоста будааст, то даъвои ӯро исбот кунанд.

Пештар Алмазбек Атамбаев аз ҳомиёни ҳуқуқ Толекан Исмоилова ва Азиз Абдирасулов барои фаъолиятҳои гӯё харобкоронаашон интиқод карда буд.

XS
SM
MD
LG