Бар асоси иттилои манбаъ, ВКХ Русия гуфтааст, "барои баррасии ин масоил форматҳо, бахусус гуруҳе, ки дар Минск гирди ҳам меояд, таъсис ёфтааст".
Қаблан хабаргузории "Интерфакс"-и Русия аз қавли Константин Елисеев, раиси дастгоҳи президенти Украина хабар дода буд, киҷониби Москва зимни гуфтушунид дар "формати нормандӣ" барои ҷойгиркунии пулисҳои нозири САҲА дар Донбасс ва оғози машваратҳо дар ин бора розӣ шуд.
Вале сомонаи расмии дастгоҳи президенти Украина дар бораи баррасӣ шудани ин масъала иттилое надод.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳам ахиран гуфт, таъмини амният дар шарқи Украина бо кӯмаки "нерӯи байналмилалӣ" дар қарордоди Минск зикр нашудааст ва "Донбасс ҳам ба ин розӣ нахоҳад шуд".