Ссылки доступа

Манбаъ: Ёқуб Салимов 24 июн озод хоҳад шуд


Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон, ки бо айби хиёнат ба Ватан 15 сол зиндонӣ гардида буд, рӯзи 24 июн озод хоҳад шуд.

Як манбаъ дар Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 1 июн хабар додааст, ки муҳлати ҷазои вазири пешини корҳои дохилӣ, сафири пешини кишвар дар Туркия, яке аз фармондеҳони бонуфузи Фронти Халқ ва ҷонибдорони наздики Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-97) Ёқуб Салимов рӯзи 23 июн анҷом меёбад.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як соли пеш додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, Салимов дар миёнаҳои соли 2015 озод мешавад. Ибтидои соли равон Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи кишвар гуфт, муҳлати ҷазои Ёқуб Салимов дароз нашудааст.

Вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон, ки соли 1997 президент Раҳмонро аз як сӯиқасд дар шаҳри Хуҷанд наҷот дод, худи ҳамон сол дар талош ба ташкили табадулоти мусаллаҳона айбдор гардида, кишварро тарк кард. Соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва баъди истирдодаш ба Душанбе 15 сол зиндонӣ шуд.

Дар пайи иҷрои қонуни афви соли 2012 ду сол аз мӯҳлати ҷазои Салимов кам гардида, баъди афви охирин, ки соли 2014 ба муносибати 20-солагии қабули Қонуни асосии Тоҷикистон сурат гирифт, 1 солу 3 моҳи муҳлати ҷазояш боқӣ монд.

XS
SM
MD
LG