Ссылки доступа

Издивоҷи соҳибкор Сергей Полонский дар СИЗО-и Москва


Сергей Полонский в суде
Сергей Полонский в суде

Сергей Полонский, тоҷири рус ва мудири пешини Mirax Group, ки бо айби тақаллуби амволи ғайриманқул зиндонӣ шудааст, бо Олга Дерипаско издивоҷ кард. Маросими издивоҷ дар боздоштгоҳи муваққатии Москва баргузор шудааст. Дар ин бора Дерипаско тариқи Фейсбук хабар медиҳад.

Полонский дар толори додгоҳ ба Дерипаско пешниҳоди издивоҷ кард буд. Дар рафти сабти никоҳ Олга насаби шавҳарашро пазируфтааст. Вай гуфтааст, барои озодии шавҳараш "то охир" мубориза хоҳад бурд.

24 май додгоҳ дархости сабукии ҷазои Полонскийро рад кард.

Ин тоҷир моҳи майи соли 2015 аз Камбоҷа ба Русия истирдод шуда буд. Полонскийро бо он айбдор мекунанд, ки ҳангоми сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ба тақаллубкории ҳаҷман калон роҳ додааст. Аммо тоҷир айбҳои эълоншударо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG