Ссылки доступа

Дар Бухоро риш ба тамошои футбол халал расонд


Дар Бухорои Ӯзбекистон ба мардҳои ришдор иҷозат надодаанд, ки рӯзи якшанбе барои тамошои бозии дӯстонаи дастаҳои футболи "Бухоро" ва "Навбаҳор" дохили варзишгоҳ шаванд.

Кормандони пулис дар даромадгоҳ ба онҳо тавсия додаанд, ки ришҳояшонро тарошанд.

Яке аз мухлисон мегӯяд, барои аз даст надодани тамошои бозии тими дӯстдоштааш маҷбур шудааст, ба наздиктарин сартарошхона рафта, ришашро бигирад.

Раҳбари клуби мухлисони дастаи "Бухоро" тасдиқ мекунад, ки барои роҳ наёфтани мухлисони ришдор ба варзишгоҳ дастури шифоҳӣ дода шуда буд.

"Ҷавонони ришдорро намегузоранд, ки дохили варзишгоҳ шаванд. Танҳо ба ришдороне иҷозат аст, ки 40-45 сол доранд. Албатта, ин гуна тартиб ҳоло дар ҳама ҷо дида мешавад", - гуфтааст вай.

Ҳомиёни ҳуқуқ ин иқдоми мақомоти қудратиро нақзи ҳуқуқи инсон медонанд. "Роҳ надодани мусулмонони ришдор ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ин маънои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои динии онҳоро дорад", - гуфтааст Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ".

XS
SM
MD
LG