Ссылки доступа

Қирғизистон ба шумурдани вазорату идораҳояш сар кард


Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, теъдоди вазорат ва идораҳои давлатиро кам кунад. Фармони сарвазири Қирғизистон дар ин бораро сомонаи расмии Девони вазирон нашр кардааст.

Иқдоми мазкур барои муносиб кардани теъдоди кормандони вазоратхонаҳо, идораҳои маъмурию муассисаҳои дигар, такрор наёфтани вазифаҳо ва коҳиши хароҷоти нигаҳдории дастгоҳи давлатӣ гирифта шудааст.

Барои гузаронидани ин ислоҳот гуруҳи корие ташкил хоҳад шуд, ки теъдоди кормандони тамоми вазорат, муассиса ва ниҳодҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла бахшу намояндагиҳои минтақавияшонро баррасӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, вазифаҳои муовинони зиёдатии раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ бекор шавад. Ёдрас мешавем, ҳоло дар ҳукумати Қирғизистон 12 вазорат, 2 кумита ва 25 идораи маъмурӣ амал менамояд.

XS
SM
MD
LG